РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Кувайт намоишгоҳҳои муштараки сайёҳӣ баргузор мекунанд

Миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикиситон ва Давлати Кувайт созишномаҳо ба имзо расиданд. Ҳадафи он тақвияти бештари ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар мебошад. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, созишномаҳои мазкур 9 январ аз ҷониби муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, директори меҳмонхонаи Ҳилтон Гаган Малхотра, роҳбарияти ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Давлати Кувайт имзо шуданд.

Зикр гардид, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтаи сайёҳӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, ҳамоишу конфронсҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳмондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ мунтазам чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар ҳамоиш инчунин масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, имкониятҳои сайёҳии мамлакат ба меҳмонони кувайтӣ муаррифӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram