28 январ дар майдони назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд иди Сада, намоиш-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироати кишоварзӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти вилояти Суғд доир карда шуда, мақсад аз он муташаккилона гузаронидани маъракаи сабзазоркуниву ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии шаҳру навоҳии вилоят мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 29 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор карда мешавад.
Дар рӯзи таҷлили ин ҷашн кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари иди Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин мегардонанд.
Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд дар ин рӯз навъҳои гуногуни дарахтон ва гулу буттаҳои ороиширо харидорӣ намоянд.