РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи миллӣ мушкилоти геологӣ ва азхудкунии сарватҳои зеризаминиро баррасӣ карданд

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти геологӣ ва азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДМТ, профессор Сафармамадзода С.М. иброз дошт, ки конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии «Мушкилоти геологӣ ва азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ» аз ҷумлаи чорабиниҳои илмиест, ки табодули андеша ва ақоиди пешқадами олимону муҳаққиқони соҳавиро дар самти татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат муттаҳид сохта, дар амалисозии ин иқдоми муҳим заминаи устувор мегузорад.

Сипас, декани факултети геология, дотсент Раҷабалӣ Андамов суханронӣ намуда, зикр кард, ки таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки устувории иқтисоди миллӣ аз рушди саноат вобастагии зиёд дошта, истифода аз ашёи хоми ватанӣ метавонад ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, устувории низоми иқтисодӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ мусоидат намояд.

Дар ҳамоиш, ҳамзамон, профессори кафедраи минералогия ва петрография Ҳасанов А.Х., профессори кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок Каримов Ф.Х., ходими пешбари Институти геология, сохтмони сейсмикӣ ва сейсмологияи назди АМИТ Мавлони С.Р., дотсенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника Ниёзов А.С. ва унвонҷӯи факултети геология Азимшоев М.М. вобаста ба мавзӯи конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Зикр гардид, ки дар шароити муосир таъмини устуворӣ ва беҳбуди бахшҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла, саноат ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат аҳамияти хосса дорад. Дар марҳилаи саноатикунонии босуръат кормандони соҳаи илм ва маорифро зарур аст, ки дар амалӣ гаштани ҳадафи чоруми миллии кишвар саҳмгузор бошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram