Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 марти соли равон баҳри дар сатҳи зарури пешвоз гирифтани идҳои милливу байналмилалӣ аксияи экологии “Тозагии шоҳроҳ” аз баромадгоҳи Душанбе то нақби Истиқлоли вилояти Хатлон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар аксияи мазкур кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва зертобеи он дар маҳал, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 нафар ризокорони маҳаллӣ иштироки фаъол намуданд. Иштирокдорон бо либосҳои махсус, дастпушҳо ва халтаҳо барои ҷамъоварии партовҳо таъмин гардида буданд.
Дар рафти чорабинии мазкур аз ду тарафи шоҳроҳи Душанбе-Хатлон ба масофаи 30 км роҳ аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуд, ки дар натиҷа 25 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва бо воситаи нақлиётҳои махсус ба партовгоҳи расмии шаҳри Ваҳдат интиқол дода шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ин иқдоми нахустин буда, гузаронидани чунин чорабиниҳо идома хоҳанд ёфт.