РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Дар ҷараёни баргузории Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ» миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Созишномаҳо дар ҳузури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р.Ҳ. ва вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Абдураҳмонов И.Ю. дар фазои тантанавӣ ба имзо расиданд.

Гуфта мешавад, ки созишномаҳо дар робита ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии кишварҳоро омода гардида, дар самти омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузоранд. Ҳамин тавр, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram