РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон филми ҳунарии “Комитет” ба навор гирифта мешавад

14 марти соли 2023 директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён продюсери филми ҳунарии “Комитет”- Колдаков Александр, ки барои интихоби маконҳои наворбардорӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” меҳмонро ба сарзамини кўҳанбунёди тоҷик хайрамақдам гуфта, доир ба таҳкими ҳамкориҳо изҳори назар намуд.

Колдаков Александр аз пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик, табиати нотакрор, обу ҳаво ва маконҳои мусоиди наворбардории Тоҷикистон ибрози хушнудию сарфарозӣ намуд.

Таъкид гардид, ки филми мазкур дар жанри детективи таърихӣ аз ҷониби ҶДММ “ТРИИКС МЕДИА” бо фармоиши ширкати телевизионии “НТВ” дар маконҳои дилфиреби Тоҷикистон наворбардорӣ карда мешавад.

Хотирнишон бояд кард, ки ҶДММ “ТРИИКС МЕДИА” ширкати хусусӣ буда, соли 2006 бо ибтикори Инесса Юрченко ва Сергей Шеглов таъсис ёфта, то ба имрўз бештар аз 250 филму силсилафилмҳоро таҳия ва наворбардорӣ намудааст.

Муҳтавои филм асоси воқеӣ дошта, аз фаъолияти хатарноку ғайриоддии кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ҳикоят мекунад. Филм барои доираи васеи тамошобинон, аз ҷумла барои насли наврас пешбинӣ гардида, асоси арзишҳои инсонӣ, ба монанди оила, қарзи виҷдон, шуҷоат, масъулият, ифтихор ва муҳаббат ба Ватанро тарғиб менамояд.

Дар таҳияи филм ҷалби мутахассисони синамои тоҷик, техникаву таҷҳизоти филмбардорӣ ва дигар лавозимоти даркорӣ барои истеҳсоли филм дар назар аст.

Наворбардории филм боиси тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳои синамонигорони тоҷику рус гардида, ҷиҳати боло рафтани нуфузу эътибори синамои миллӣ ва касби таҷриба барои синамонигорони тоҷик хоҳад шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram