РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

РАМЗҲОИ ФАЛСАФИИ СУМАНАКИ НАВРӮЗӢ

Суманак рамзи хони наврӯзӣ аст, ки будани он дар дастархон зарур мебошад. Суманак дар хони наврӯзӣ намоди баҳору Наврӯз, ҳамбастагӣ, мардонагӣ, хайру баракату эҳсон аст. Вуҷуди суманак дар хони наврӯзӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми эронитабор дорои таърихи густурдаи тамаддуни кишоварзӣ ҳастанд. Суманак аз замонҳои бостон то имрӯз як навъ ғизои ҳаётбахш аст ва аз донаҳои гандуми сабзида пухта мешавад. Дар гузаштаҳо барои пухтани суманак ҳамчун рамзи покизагӣ аз оби борон истифода менамуданд.

Дар воқеъ гандум муҳимтари гиёҳе аст, ки хӯроки аслии инсон мебшад. Ба ин ҷиҳат ғизое, ки «суманак» аст рамзу рози зиёд дорад.

Назр. Суманак аз ҷумлаи рамзи назру ниёз ба пешвози баҳору Наврӯзу соли нав аст. Ҳангоми пухтан, ки асосан занону духтарон ҳастанд, аз Парвардигор таманнои онро менамоянд, ки соли нав барояшон бекаму кост ояд. Худо аз камбудҳои соли гузашта нигоҳ дорад. Дар чунин ҳолат суманак намоди фаровонӣ ва бурдбории зиндагии ояндаи инсон аст.

Сабру таҳаммул. Пухтани суманак вақти зиёдро мегирад, занону духтарон дастаҷамъона мепазанд, ки худ ин як навъ таҳаммулу сабру бардошти одамиро ифода менамояд. Аз омода кардан, то тақсим намудан тақрибан як шабонарӯзро дар бар мегирад. Баъзеҳо суманакро ба муддати 10-15 соат мепазанд. Иҷрои тӯлонӣ будани пухтани суманак чунин рамзе дорад, ки одамон дар соли нави оянда, дар иҷрои ҳамаи корҳо бо сабру таҳаммул бошанд ва ҳамчунин ҳар мушкилоти зиндагиро бо тавоноӣ ва шодмонӣ бартараф намоянд.

Нишот. Дигар ин аст, ки дар гирди деги суманак бо суруду рақс, шӯхию шодмонӣ мекунанд, ки ин аз як тараф рамзи бо шодиву сурур пешвоз гирифтани баҳору Наврӯз бошад, аз тарафи дигар намодеро ифода менамояд, ки дар соли нав фаровонӣ шавад.

Қудрат, ҳамкорӣ ва таваҷҷуҳ. Дар вақти зиёд пухта шудани суманак, ин рамзи қудрату ҳамкории ӯро ифода менамояд, ки ба ҷисми одам қуввату неру мебахшад. Зимнан суманак намоди таваҷҷуҳ ба дигарон, ҳамсоягон, хешовандон, дӯстонро низ дорад. Пухтани суманак яке аз рамзу нишонаҳои муҳими ҳамкорӣ дар кору бори зиндагии инсон аст.

Меҳру муҳаббат. Суманак рамзи меҳру муҳаббат аст, ки пас аз пухтан ҳатман онро ба ҳамсоягони гирду атроф низ медиҳанд. Ҳатто ҳангоме ки занҳо дар рӯзҳои Наврӯз ба хонаи ҳамдигар мераванд, агар суманак пухта бошанд, ҳатман ҳамчун намоди наврӯзу баҳору муҳаббату самимият суманак мебаранд.

Хӯроки муқаддас. Дар байни тамоми мардуми эронитабор ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз суманак як навъ хӯроки муқаддас аст. Аз ин рӯ, онро бо расму оини махсус мепазанд ва ҳангоми пухту пази он, оинҳои хосе иҷро мешавад, ки ҳар кадоме дорои рамзе буда, ниёиш ва дуо менамоянд ва пиразанеро оварда назру ниёз медиҳанд. Ба суманак ҳамчун хӯроки муқаддаси фариштагон эҳтиром мегузоранд.

Рафоқат ва дӯстӣ. Ғайр аз ин суманак рамзи таваҷҷуҳ ба дигарон, рафоқат ва дӯстӣ ба наздикон низ мебошад. Ҳамчун намоди таваҷҷуҳ ба хешовандон, ҳамоягон, меҳмонон доштан ба назар мерасад. Ду навъи онро мепазанд: яке суст, дигар ба моннади ҳалво. Ҳар дуро пас аз пухтан чун рамзи рафоқат, самимият, дӯстӣ, ҳамкорӣ ҳатман тақсим мекунанд. Ҳатто дар байни мардум чунин боварие аст, ки «ҳар қадар суманакро бештар тақсим кунед савобаш зиёд аст» мегӯянд. Ё мегӯянд: «аз суманаки касе, ки пухтааст, одамони зиёд чашад, дар соли оянда мушкилоти вай осон мегардад ва корҳояш бобарор мешавад». Ба ин далел пазандаи суманак кӯшиш мекунад, ки аз суманаки пухтаи ӯ одамони зиёд чашанд.

Ҷилавгирӣ аз бадбахтиҳо ва муҳаббат ба оянда. Дар гузаштаҳо дар баъзе ҷойҳо, аз ҷумла дар бархе ноҳияҳои Хатлон суманакпазиро «тӯйи суманак» мегуфтанд. Суманакро бо эътиқоди махсус ва бо тантатна ба умеди он мепухтанд, ки дар соли нав ҳосили фаровон бигиранд. Ҳамчунин суманак намоде аст, ки касро аз ҳар гуна бадбахтиҳо ҷилавгирӣ менамояд. Дар Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи он то солҳои наздик «тӯйи суманак» барпо мешуд ва онро дар назди як ҷойи муқаддас, ё дашти тамизу тоза мепухтанд, ки ин худ рамзе дорад. Рамзаш дар он аст, ки арвоҳи гузаштагон дар Наврӯз, дар соли нави оянда мадагор бошад. Ҳангоми оғози пухтани суманак кайвоние дар сар рӯймоли сафед равиши пухтани суманакро сарварӣ менамуд. Дар охири солҳои 40 ва аввали 50 садаи бист Н.Нурҷонов аз занони Муъминобод роҷеъ ба рамузу рози суманак ва боварии мардум пурсон шуда ин суханонро низ сабт намудааст:

Бисмиллоҳи раҳмони раҳим,

Худо шараманда накъна,

Куни дегъма насузона,

Азизо мадад къна,

Шарманда накъна,

Дар роҳи Худо худоӣ,

Суманака буса кънен, зиёрат кънен.

Ҳамин дуои нек худ бовар ва намоди муҳим будани суманакро нишон медиҳад. Дар воқеъ чун рамзи ояндаи нек, мардум ба мисли тӯй то расидани субҳ шодмонӣ менамуданд ва пас аз пухтан дегро дар мазори муқаддасе бурда, онро дар гирди он давр мезанониданд, занҳо дегро зиёрат карда, даст зада, таоф менамуданд, мебӯсиданд. Бо нияту намоди нек дар канораш пул, тухм ва чизҳои дигар мегузоштанд. Ҷолиб ин аст, ки агар аз деҳаҳои дигар бишнаванд, ки дар деҳаи ҳамсоя «тӯйи суманак» аст, бидуни даъват бо ихлос мемомаданд (ниг.: Нурджанов Н. Таджиксий народный театр. По материалам Кулябской области. М., 1956, с.27-29).

Пайванд ва ҳамбастагӣ. Дар байни тоҷикон ҳангоми пухтани суманак пайванду ваҳдату ҳамбастагӣ дида мешавад. Занон бо рамзу рози аз ниёгон ба мерос гирифтаи худ оинҳоеро иҷро намуда, барои гузаштагон ва ояндаи нек дуо менамуданд.

Баровардани ҳоҷат. Рамзи дигари суманак ва дар хони наврӯзӣ гузоштани он дар он аст, ки занон мехоҳанд дар соли нав хушбахту хушрӯз бошанд, бадин ҷиҳат суманак як навъ назри баровардани ҳоҷати одамон мебошад. Касоне, ки барои пухтани суманак шароит надоранд, бо ҳадя намудани гандум, орд ва чизҳои дигар ба деги суманаки хешовандон ва ҳамсояҳо ҳамроҳ мешаванд, ки ин рамзи ҳамбастагӣ буда, то ҳол ба мушоҳида мерасад.

Тавонӣ ва нерумандӣ. Сумнак ширин аст. Дар маззаи ширинии он як навъ рамзи тавоноӣ ва нерумандӣ дида мешавад. Ширинии суманак табиӣ аст ва ба шираи он, ки аз гандум гирифта шудааст, чизе илова намекунанд. Ба ин ҷиҳат он рамзи нерумандию ширинкомии инсон аст. Суманак аз он ёдовар мешавад, ки инсон дар кашокаши зиндагии худ ва мубориза бо табиат, бояд неруманд бошад ва тавоноии худро ҳифз намояд. Дар муқобила намудан бо душвориҳои ҳаёт неруе ба даст оварад. Барои ҳамин суманакро ғизои «мардофарин» низ гуфтаанд.

Неруи марди хона. Дар баъзе минтақаҳои Эрон, аз ҷумла Хуросон, чунин ақидае аст, ки суманак намоди неруи марди хона аст, агар дар хонае суманак пухта нашавад дар он сол марди хона хоҳад мурд. Ҳамчунин дар гузашта чунин боваре будааст, ки чашми мардон, ба вижа мардони ҷавон набояд ба сабза ё деги суманак афтад. Занон бояд пок бошанд ва сари деги суманак бо таҳорат ҳозир шаванд, он гоҳ суманак боиси афзоиши ризқу рӯзии хонавода мешавад.

Ояндаи нек. Аз рамзу боварҳои дигаре, ки дар бораи деги суманак вуҷуд дорад ин аст, ки ҳангоми ба ҷӯш омадани суманак ба рӯйи дег кафе ба вуҷуд меояд. Ин кафро дар баъзе ҷойҳои Осиёи Миёна тоҷикон фаришта ё малоика меноманд ва дар Эрон арӯси дег мегӯянд ва онро фоли нек дониста, ҳамчун намоди ояндаи хуш шод мешаванд. Дар баъзе ҷойҳо оине аст, ки агар духтари болиғ хоҳиши шаваҳар кардан дошта бошад, барои кушода шудани бахташ як порчаи сафед ё сурх бар сар, бел ё кафгири калони суманакпазиро ба даст гирифта, дегро каф мезанад ва дар дил нияти издивоҷ мекунад.

Хушгуфторӣ. Занону духтарон барои дастгирии ҳамдигар доира мезананд, месароянд ва мерақсанд. Барои духтарони нияти хонадорашвӣ доранд, хушгуфторӣ мекунанд, то ки дар соли нав бахти духтарон кушода шавад. Дар тамоми минтақаҳо ҳангоми пухтани суманак чунин бовару рамзу розе аст, ки дар сари деги суманак набояд сухани бад, нороҳаткунанда, ранҷанда бигӯянд.

Мардофарин. Ба гуфти наврӯзшинос М.Додхоҳ ширинии суманак ба инсоне, ки қудратманд аст, нерумандӣ мебахшад ва ононро ширинком месозад. Ӯ мегӯяд, ки агар аз тавоноии хеш баҳра ҷӯйем баракати бепоён ва ҳаркати пуртавон бар он афзуда мешавад. Суманакро ғизои «мардофарин» низ гуфтаанд. Чунки ба он ҳеҷ гуна шириние илова намекунанд, балки дар натиҷаи ҷӯшидани дуру дароз беш аз 10-12, гоҳ то 15 соат, ширинии гандум рӯ мезанад. Ба гуфти табибон сумнак дорои витамини Е (анти оксидени қавӣ, бе асари радикалҳои озод дар бадан) ва В аст. Витаминҳои Е ва В барои таскини асаб, таъмини неруи борварӣ, зоймон, тақвияти неруҳои биноӣ, ҷилавгирӣ аз хастагӣ ва пирӣ ва зидди саратон аст.

Нарми ба табиат. Мегӯянд, ки суманак ба муқобили қаҳри табиат метавонад инсонро аз хушунат ва номулоимӣ ҳифз намояд. Ба ин ҷиҳат намоди атои худоӣ мебошад, ки ҷомеа қудрати худро фаромӯш накунад. Инсон ба мавҷудоти табиат меҳрубон бошад.

Мушкилкушо. Маъмулан суманкаро ғизои муқаддас меҳисобанд, онро бо боварӣ ва эътиқоди махсус мепазанд. Масалан, дар Хуҷанд, Панҷакент, Бухоро, Бойсун ва ҷойҳои дигар ҳангоми пухтани суманак маросими Мушкилкушоро баргузор менамоянд, то дар соли нав, тамоми мушкилоти рӯзгори хонавода осон гардад. Баробари шодмонию рақсу бозӣ, дуоҳо низ мехонанд. Ҳамчун рамзи ширинии соли оянда аз парвардигор барои рӯзгори хуш, баракат ба кишту кор талаб менамоянд.

Ҳоҷатбарорӣ. Бонувон дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон суманкро оши ҳазрати Фотимаи Заҳро медонанд ва ақида доштанд, ки эҳтиромаш воҷиб аст. Аз ин рӯ, дар бархе фарҳангҳо расм бар ин будааст, ки гандумро шуста, онро аз чашми баду шарру нопок дур нигаҳ медоштанд. Баъд аз он суманакро пухта дам менамуданд. Сипас касоне, ки ягон орзую умеде дошта бошанд дар дилашон ниятҳои нек карда, мувофиқи тақозои дили худ назр мекарданд.

Ҳамаи ин рамузу розу намоде, ки оид ба суманак аст, ҳоло ҳам дар байни мардум мавҷуд аст. Бархеро калонсолон дар ёд доранд. Маҳз барои ҳамин намодҳои некаш суманкро ба хони наврӯзӣ мегузоранд ва то ҳадди имкон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва даромади соли нав аз он мечашанд.

Равшан Раҳмонӣ,

профессори ДМТ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram