РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT – 2023» иқтидори сайёҳии худро муаррифӣ намуд

Аз 16 то 18 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT- 2023» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ширкатҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳу табобатгоҳҳои мамлакат имконияти сайёҳи ҷумҳуриро муаррифӣ намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Дар намоишгоҳи мазкур гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар масоҳати 24 метри мураббаъ ташкил шуд, ки  дар он иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои туризми варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардид.

Иштирок дар чунин намоишгоҳи байналмилалӣ имкон медиҳад, ки  ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ бештар гардида, инчунин барои васеъ гаштани ҳамкорӣ бо давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.


«MITT-2023» бузургтарин намоишгоҳи сайёҳӣ дар Русия дар сатҳи «Туризм ва фароғат» буда, он платформаи тиҷоратии байналмилалӣ барои кишварҳо, минтақаҳо ва ширкатҳои сайёҳии тамоми ҷаҳон мебошад, ки маҳсулот ва хизматҳои худро дар бозори Русия муаррифӣ мекунанд.

Ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонони намоишгоҳ имкон пайдо намуданд, ки бо намояндагони ассотсиатсияҳои ҷаҳонии сайёҳӣ, танзимгарони соҳа вохӯрию суҳбат доир намуда, муштариён ва шарикони нав пайдо кунанд ва ҳамкориро бо мақсади рушди туризм тақвият бахшанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram