РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

“Тоҷикфилм” филми наверо бо номи “Се хоҳаракон…” ба навор гирифт

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” филми ҳунарии “Се хоҳаракон…”-ро аз рӯйи ҳикояи Заринаи Акрамдӯхт бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил рӯйи пардаи синамо овард. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” хабар доданд.

Филм қисмати се хоҳари аз модар маҳрум мондаро, дар пардаи синамо ҷилвагар месозад. Филм хусусияти тарбиявӣ дошта, дар тарбияю ахлоқи наврасон раҳму шавқат ва накукориро бедор месозад. Филм аслан барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шуда, вале тамоми алоқамандони синамо метавонанд аз ин филм бархӯрдор шаванд.

Филм рӯзҳои наздик ба ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пешниҳод мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram