РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Коргардони ӯзбек Дилмурод Масаидов бо мақсади баррасии масоили таҳияи филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба Душанбе омад

12 апрели соли 2023 коргардони ӯзбек Дилмурод Масаидов бо мақсади баррасию муҳокимаи масоили марбут ба таҳияи филми ҳунарии таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба шаҳри Душанбе омад. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” хабар доданд.

Коргардони ӯзбек Дилмурод Масаидов бо ҳамтои тоҷикаш Файзулло Файзов аз рӯйи филмномаи адабии филми ҳунарии муштарак филмномаи коргардонӣ, нақшаи тақвимию таҳиявӣ ва бо иштироки гурӯҳҳои кории ҳарду ҷониб харҷномаи филмро омода хоҳанд намуд, ки барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.

Коргардони ӯзбек Дилмурод Масаидов баъд аз зуҳри рӯзи 12-уми апрел аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дидан намуда, бо фаъолияти гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистон аз наздик ошноӣ пайдо кард.

Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шумули рассоми ороишкор, мутахассиси молиявӣ, роҳабрияти киноконсерни “Ӯзбекфилм” ва дигар масъулони вобаста ба таҳияи филми ҳунарии таърихӣ рӯзҳои наздик ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд ва мавриди пазироии роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” қарор гирифта, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби маконҳои наворбардорӣ, таҳия ва омода кардани филмномаи коргардонӣ, нақшаи тақвимии таҳиявӣ ва харҷномаи филмро амалӣ менамоянд.

Хотирнишон месозем, ки филми ҳунарии таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев рӯйи пардаи синамо хоҳад омад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram