13 апрел ҷаласаи коршиносону мутахассисони ватанӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ (The World Bonk) дар шакли маҷозӣ баргузор карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур таҳлил, муҳокима ва баррасии корҳои вобаста ба тармим, барқарорсозӣ ва анҷом додани корҳои дизайни ландшафтӣ дар ёдгориҳои таърихию фарҳангии»Ҳулбук — пойтахти Хуттали қадим» (ноҳияи Восеъ), «Хоҷа Машҳад» (ноҳияи Шаҳритус), «Қалъаи Ямчун» (ноҳияи Ишкошим) ва ёдгории табиию фарҳангии «Чилучорчашма» (ноҳияи Н. Хусрав) мебошад, ки бо ҷалби маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар ҷаласа аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Мирзошариф Абдусаломов, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба фарҳангӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО, Наботов Муҳаммадҷон, сармутахассиси шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳамоҳангсози барномаҳои грантӣ, Мирзоев Фаридун — шахси масъули Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” – назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суяров Ҳасан — архитектори муассисаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки корҳои лоиҳакашӣ ва дизайнии ёдгориҳои зикргардида аз ҷониби ширкати Итталянӣ ва коршиносони Институти байналмиллалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ (ИБТОМ) анҷом дода шудааст. Дар робита ба ин, дар ҷаласа Фаррух Ҳабибуллоев, Алим Файзуллоев аз ИБТОМ ва намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа ва намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ пешбурди корҳоро мусбат арзёбӣ карда, оид ба идомаи корҳои тармим, барқарорсозӣ ва дизайни ландшафтӣ ибрози назар намуданд.