РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Мавсума Муинӣ бартарафкунандагони садамаи Чернобилро қадрдонӣ намуд

27 апрел раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ як қатор иштирокчиёни садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии «Чернобил» ва аъзои оилаи дар садамаи мазкур фавтидаро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Зимни суҳбат самимӣ роҳбари шаҳр аз хизматҳои ҳар яки онҳо дар нишон додани қаҳрамониву ҷасорат ва иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ёдовар шуда, рафторашонро намунаи ибрат унвон дод.

Таъкид карда шуд, ки 26-уми апрели соли 1986 ташкиши реакторӣ дар блоки чоруми Нерӯгоҳи барқии атомии «Чернобил» ба амал омад, ки ба муҳити атроф миқдори зиёди моддаҳои радиоактивӣ партофта шуд. Ин садама, чӣ аз ҷиҳати шумораи тахминии одамоне, ки аз оқибатҳои он кушта ва осеб дидаанд, ва чӣ аз чиҳати хисороти иқтисодӣ дар таърихи энергетикаи атомӣ калонтарин фалокат дониста мешавад.

Барои рафъи оқибатҳои садама захираҳои назаррас сафарбар карда шуда, зиёда аз 500 ҳазор нафар дар рафъи оқибатҳои садама иштирок намуданд.

Баҳри бартарафсозии оқибатҳои фоҷиабори ин фалокати таъхирнопазир, дар қатори дигар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон низ зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандони баору номус ихтиёран кӯмаки башардӯстонаву ҳамаҷонибаи хешро дареғ надонистанд.

Дар идомаи сӯҳбат раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ таъкид дошт, ки зиёда аз 200 нафар сокинони меҳнатқарини шаҳри Бӯстон барои бартарафсозии ин садама сафарбар гардида буданд.

Дар ин рӯз ба 8 нафар иштирокчӣ ва 2 оилаи бесаробонмонда бо кӯмакҳои молӣ ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.

Иштирокдорон ва оилаҳои бесаробонмонда дар садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии «Чернобил» изҳори сипосмандии хешро барои ғамхориҳои пайваста ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram