Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ҷойгоҳи Садриддин Айнӣ дар рушди забон ва адабиёти тоҷик» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.
Дар кори конференсия ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, устоди кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон, Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва ҳайати устодону донишҷӯёни риштаи суханшиносӣ ширкат варзиданд.
Дар қисми ифтитоҳии конференсия Усмонзода Аюб суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Садриддин Айнӣ дар таърихи фарҳангу адабиёти тоҷикӣ баробари эътироф шудан ба унвони сардафтари адабиёти навини тоҷик, ҳамчунин, пешвои мактабҳои маърифативу фикрӣ, бунёдгузори равандҳои нави таҳқиқи мероси ниёгон, муборизи роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, таърихшинос ва таърихнигори барҷаста шинохта шудаанд. Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътирофи ин хидматҳои ҷовидона таъкид доштаанд, ки “устод Айнӣ дар аввали асри ХХ дар мақолаву очеркҳо, шеъру достонҳо ва повесту романҳои худ аз таърих, забон, адаб ва ҳунару фарҳанги миллати тоҷик озоду ошкоро дифоъ менамуд ва мардумро ба худшиносӣ даъват мекард. Мақолаҳои ў ва, махсусан, китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” дар солҳои бистуми асри гузашта ба сифати шаҳодатномаи миллати тоҷик хидмат карда, боиси ҳамчун халқи қадима ва фарҳангӣ эътироф шудани тоҷикон гардиданд”.
Сипас, Тоҷибой Султонӣ баромад намуда, доир ба нақши устод Садриддин Айнӣ дар рушду нумуи адбиёти миллӣ ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки дар таърихи рушди маданияту адабиёти халқи тоҷик устод Айнӣ аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти тоҷикро ғанӣ гардонидааст.
Дар идома декани факултети филологияи тоҷик, профессор Ӯлмасзода Замира дар мавзуи “Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои шинохта насри таърихӣ”, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон дар мавзуи “Воқеияти иҷтимоӣ ва тафаккури бадеии устод Айнӣ”, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик Мутриба Мавлонова дар мавзуи ”Масъалаҳои ахлоқи иҷтимоӣ дар осори Садриддин Айнӣ” маърӯза намуда, ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти илмӣ-адабӣ ва публитсистию таърихии Садириддин Айниро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба кумитаи тадорукот наздики 100 мақолаи илмӣ ворид гардида, конференсия дар панҷ бахш дар факултети филологияи тоҷик ба кори худ идома медиҳад.