Дар Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2022 то инҷониб ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта нашуда, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 8 феврали соли 2023 чораҳои зиддиэпидемикӣ, аз қабили дархости пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ ва ё гувоҳномаи ваксинатсия аз байн бардошта шуд. Дор ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд
Дар конфронс Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, иқтисодчии калон, Роҳбари гурӯҳи лоиҳаи TEC-19, Бонки ҷаҳонӣ Якуб Ян Какитек, Роҳбари дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, шарикон оид ба рушд ва роҳбарони якчанд муассисаи тандурустии мамлакат иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тавонист фаъолияти босамар ба роҳ монда, дар самти пешгирии бемории коронавирус ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
Тазаккур дода шуд, ки то ҳол дар давлатҳои қисмати аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ новобаста аз паст гардидани авҷи паҳншавии сироят бақайдгирии ҳаррӯзаи сирояти нави коронавируси COVID-19 ба чашм мерасад.
Таҳлили вазъи эпидемиологӣ ва нишондиҳандаҳои оморӣ нишон медиҳад, ки бемории коронавируси COVID-19 қариб дар 56 давлат ва минтақаи ҷаҳон то ҳол ба қайд гирифта мешавад. Аз ҳама бештар бақайдгирии беморон дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Бразилия, Федератсияи Русия, ИМА, Ҳиндустон, Олмон, Лаҳистон, Австрия ва Молдова, ки дар 10-гонаи аввали рӯйхати зиёди бақайдгирӣ истодаанд, ба чашм мерасад.
Дар тамоми ҷаҳон то 5 апрели соли 2023 зиёда аз 684 миллион 289 ҳазору 335 нафар ба сирояти коронавируси COVID-19 мубтало гашта, 657 миллиону 255 ҳазору 870 нафари онҳо шифо ёфта,6 миллиону 833 ҳазору 794 нафар ва ё 1,0 фоизи сироятёфтагон фавтидаанд. Дар айни ҳол 201 миллиону 996 ҳазору 71 нафар, аз ҷумла 39 ҳазору 818 нафар дар ҳолати вазнини беморӣ қарор доранд.
Дар охири ҳафтаи поёни моҳи март нисбат ба охири ҳафтаи аввали моҳи апрели соли равон дар ҷаҳон 30 фоиз коҳишёбии бақайдгирии беморӣ ба назар мерасад.
Дар умум аз аввали бақайдгирии беморӣ шумораи сироятёфтагон ба 17 ҳазору 388 нафар ва шумораи фавтидагон ба 124 нафар баробар гардидааст.
Бо мақсади пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси COVID-19 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои мақсаднок ҷудо гардида, инчунин аз ҳисоби ташкилоти байналмилалӣ кумакҳои моддию техникӣ расонида шудааст.
Раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021 «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба ворид намудани ваксинаҳои зидди бемории COVID-19 ба ҷумҳурӣ ва фарогирии аҳолии гурӯҳҳои мақсаднок бо ваксинатсия бар зидди бемории мазкур таҳти назорати қатъӣ қарор дода шудааст.