Имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» ҷамъбаст шуд.
Дар маросими Фестивал-озмун Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди ҷомеа ва робита бо ҷомеа, роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҳунару санъати мамлакат иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки аҳли театри ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ доданд, ки дар инъикоси вазъи иҷтимоии ҷомеа ва рӯҳу маънавиёти мардум саҳм гузоранд. Бо саҳнаҳои ҷолиби диққат ва бозгӯкунандаи рӯзгори мардум аҳли ҷомеаро бояд ба ин макон боз ҳам бештар ҷалб намоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар фестивали мазкур 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошобинон ва ҳакамони озмун гузоштанд.
Хабар такмил меёбад!