РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедовро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Имрӯз дар доираи ин сафар инчунин мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон доир гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram