РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб машварати омӯзишӣ баргузор шуд

11 май дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони лоиҳаи фонди Аврупо ЭРАСМУС+ «TRIGGER машварати омӯзишӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Машварати омӯзишӣ дар доираи бастаи кории 1-и лоиҳа, ки «Таҳкими ҳамкорӣ байни МТОК ва корхонаҳо — корфармоён бо мақсади бокортаъминшавӣ» унвон дошта, донишгоҳ шарики он мебошад, доир гардид. Он дар самти боз ҳам мустаҳкамтар гардидани ҳамкории донишгоҳ бо ташкилоту корхонаҳо ҷиҳати омодасозии мутахассисони баландпояи ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидати созгор менамояд.

Дар машварат меҳмонон аз донишгоҳи Ҳамоҳангсози кулли лоиҳа — Донишгоҳи техникии Кошитсеи Словакия (ASTRA), Донишгоҳи Код’Дэ Азури Фаронса, Ассотсиатсия барои инноватсия ва рушд ва Маркази омӯзишии IDEC S.A., Юнон аз таҷрибаи худ тавассути рӯнамо сухан гуфтанд.

Мақсади асосии лоиҳаи «TRIGGER» мусоидат ба рушди иқтисодӣ бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид ва беҳтар намудани ҷараёни кортаъминкунии хатмкунандагон дар давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram