РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Туркия ба хотири ҳамкории бештар дар соҳаи фарҳанг Созишнома ба имзо хоҳанд расонд

16 май Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат тибқи тартиби муқарраргардида бо сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора аз дафтари матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти фарҳанг, санъат, таъбу нашр ва ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ табодули андеша намуданд.

Ҳамзамон, Вазири фарҳанг қайд намуд, ки сиёсати фарҳангии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишварҳои хориҷӣ пайваста густариш ёфта истодаанд.

Ёдовар шуданд, ки лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкории фарҳангӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия омода намуданд, ки айни замон мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дошта, дар вақти бо ҳам муносиб созишномаи мазкур ба имзо хоҳад расид.

Дар умум вохӯрӣ дар сатҳи баланди тадорукотӣ ва ҳусни тафоҳуми ҷонибҳо анҷом ёфта, муносибатҳои фарҳангии дуҷониба нек арзёбӣ гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram