Насрнавис ва шоири булғорӣ Георгий Господинов барандаи Ҷоизаи байналмилалии Букер дар соли 2023 шуд. Муваффақиятро ба ӯ романи «Паноҳгоҳи вақт» (Shelter) овард. Дар ин бора хадамоти матбуоти ҷоиза хабар додааст.
Романи «Паноҳгоҳи вақт» дар бораи фиребгар Гаустин нақл мекунад, ки аввалин маркази ҷаҳон «Бозгашти гузашта»-ро барои табобати беморони гирифтори бемории Алтсгеймер кушод. Ҳар як ошёнаи муассиса як давраи мушаххасро таҷассум мекунад ва ба одамон имкон медиҳад, ки хотираҳои гумшударо эҳё кунанд.
Ба Господинови 55-сола 50 000 фунт стерлинг (62 000 доллар) мукофот дода мешавад. Мувофиқи қоида, ӯ бояд ҷоизаро бо тарҷумони китоб ба забони англисӣ, ки аз ҷониби мутарҷими амрикоӣ Анҷела Родел таҳия шудааст, тақсим кунад.