РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Осорхонаи миллӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон рӯзи 01.06.2023, соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» таҳти унвони «Насли хушбахти замони Истиқлол» чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Осорхонаи мииллӣ хабар доданд.

Мавриди ёдоварист, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон  рӯзи аввали фасли  тобистон — 1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мешавад.  Бахшида ба ин ҷашн дар кишвар барномаҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ  доир мегарданд. Мақсад аз эълони ин рӯз — зиндагии хуш ва ояндаи неки насли наврас  мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram