РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр. «Ҷавҳари Айнӣ»-и Субҳони Аъзамзод чоп шуд

Китоби адабиётшинос Субҳони Аъзамзод “Ҷавҳари Айнӣ: Дастранҷи пажӯҳишҳои айнишиносӣ” тариқи нашриёти “Меъроҷ”‐и шаҳри Хуҷанд интишор ва дастраси хонандагон гашт. Дар ин бора нашрияи «Ҳақиқати Суғд» хабар дод.

Китоб ба ифтихори 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 145 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, бунёдгузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ (1878‐1054) таҳия ва бо пешгуфтори доктори илмҳои таърих, профессор Усмонзода Аюб Ислом нашр шудааст.

Рисола маҳсули андешаҳои муҳаққиқи шинохта Субҳони Аъзамзод дар фосилаи солҳои гуногун аст, ки дар заминаи нақду назархоҳиҳои Садриддин Айнӣ ба миён омадааст. Таҳқиқ бо усули таҷдиди назар ба масъалаҳои таърихи адабиёт ва нақди адабии асри ХХ, нигоҳи тоза ба рӯзгор ва осори Садриддин Айнӣ таҳия шудааст. Маҷмӯи пажӯҳишоти Субҳони Аъзамзод дар чаҳор боб пешниҳоди хонандагон шудааст. Боби аввал “Сарчашмаҳои фикрӣ, нақди сиёсат ва замон”, боби дувум “Мероси адабӣ ва дидгоҳи нақди адабӣ”, боби сеюм “Нақди осори айнишиносӣ” ва боби чаҳорум “Ҳалқаи ҷонпайвандии устод Айнӣ” унвон дошта, паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва осори Садриддин Айнӣ ва айнишиносиро фаро мегирад.

Гуфтанист, ки адабиётшиноси варзидаи тоҷик Субҳони Аъзамзод беш аз 20 сол аст, ки ба пажӯҳиши масоили нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ, таърихи ташаккул ва равандҳои шаклгирии адабиёти муосир машғул аст. Зимни ин пажӯҳишот Субҳони Аъзамзод ба таҳқиқи афкори адабӣ, таъйини нақш ва ҷойгоҳи устод Айнӣ дар ташаккули адабиётшиносӣ ва нақди адабиёти тоҷик дар марҳалаи нав таваҷҷуҳ кардааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram