13 июни соли 2023 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо кормандони дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия вобаста ба мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамовози пайдо намудани ташаббусҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуд.
Ҳамзамон, оид ба вазъи имрӯзаи сарҳади давлатӣ ибрози андеша карда, зикр намуд, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз 4 дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар таъмин намудани амнияти сарҳади давлатӣ сохта ба истифода дода шуд, ки далели ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон инчунин вобаста ба сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз сохта ба истифода дода мешаванд, андешаронӣ намуда, қайд кард, ки корҳо дар ин самт дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд.
Вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самараноку оқилона истифода намудани ҳар порча замин ва рӯёнидани ду ва ё зиёда ҳосил, ташкилу ба роҳ мондани ярмаркаи фӯруши маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмин намудани хонандагон бо сарулибоси ягонаи мактабӣ ба масъулини соҳаҳо тавсияҳои мушаххас дод.
Дар фарҷоми суханронӣ Зулфия Давлатзода иштирокчиён ва сокинони саодатманди ноҳияи Дарвозро бо ҷашни пуршукӯҳи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, дар ин рӯз дастгирӣ намудани ашхоси ниёзманду эҳтиёҷмандро ёддоварӣ намуд.