РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Беш аз 90 нафар фарзандони кормандони соҳаи роҳу нақлиёт ба истироҳат фаро гирифта шуданд

Беш аз 90 нафар кӯдакону наврасон — фарзандони кормандони соҳаи нақлиёти мамлакат барои истироҳат дар таътили тобистона ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фиристода шуданд. Дар ин бор аз Вазорати нақлиёти мамлакат хабар доданд.

Тибқи шартномаҳои дуҷониба, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, ки ташкилу сафарбаркунии наврасонро ба лагерҳо бар дӯш дорад, дар мавсими имсола бо истироҳатгоҳҳои «Барқчиён»- и Вазорати энергетика ва зазираҳои оби ҷумҳурӣ, «20-солагии Истиқлолият»- и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва минтақаи фароғатии «Шоҳин»-и Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо барои кӯдакону наврасони аълохону лаёқатманд ва ятимону бепарасторон барои роҳхатҳо ба лагеру фароғатгоҳҳои бачагона маблағ ҷудо карда мешаванд, ки ҳаҷми он пайваста афзоиш меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram