РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва ҳайати ҳамроҳи ӯ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз таъйин гардидани Марат Хуснуллин ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти муҳими комиссияи мазкурро дар танзиму пешбурди самараноки муносибатҳои дуҷонибаи байни давлатҳо таъкид доштанд.

Зимни мулоқот самтҳои асосии дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Иброз  гардид, ки рушду тавсеаи мунтазами муносибатҳои гуногунҷанба бо Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад.

Ҷонибҳо ҳамзамон як қатор масъалаҳои муҳими рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия ва зарурати идомаи талошҳои тарафҳоро ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, тақвияти робитаҳои байни минтақаҳо, ҷалби сармояи мустақим дар раванди саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, густариши робитаҳои фарҳанигиву гуманитарӣ ва муҳоҷират мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамсуҳбати худро ба раванди рушду нумӯи шаҳри Душанбе ва дигаргуниҳои куллие, ки солҳои охир дар пойтахти Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастанд, ҷалб сохта, фаъолгардонии ҳамкориро дар сатҳи пойтахтҳои ду давлат аз самтҳои афзалиятнок маънидод намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram