20-уми июни соли 2023 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён муассиси ҶДММ «Сарез сармоя» Ли Мингуян ва ёвари ӯ Ву Шуланро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Таъкид гардид, ки тавсеаи робитаю ҳамкориҳои студияҳои филмистеҳсолкунӣ, филмбардории муштарак, баргузори чорабиниҳои фарҳангию синамоӣ ба рушди минбаъдаи соҳаи фарҳангу синамо заминаи мусоид фароҳам оварда, барои ҳар ду ҷониб манфиатовар хоҳад буд.
Муассиси ҶДММ «Сарез сармоя» изҳор дошт, ки бо мақсади таҳкими дӯстию рафоқат ва муаррифию ошноӣ ба таъриху фарҳанги халқҳои тоҷику чин таҳия ва наворбардории филмҳои муштарак, баргузории чорабиниҳои фарҳангию синамоӣ бо иштироки ходимони санъату фарҳанги ҳар ду ҷониб ба мақсад мувофиқ мебошад.
Наворбардории филмҳои муштарак, баргузории чорабиниҳои фарҳангию синамоӣ минбаъд ба таҳкими пояҳои устувори робитаҳои дӯстию ҳамҷаворӣ мусоидат хоҳад намуд.