21 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Дмитрий Волвачро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар оғози мулоқот роҳбари вилоят ҳайати меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, аз муносиботи дӯстонаи кишварҳо ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеъ буда, бо минтақаҳои гуногуни ФР ҳамкории мутақобиларо ба роҳ мондааст. Чунончи давоми соли 2022 мубодилаи молу маҳсулот байни вилояти Суғд ва минтақаҳои ФР ба зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид.
Новобаста ба ин, то кунун имкониятҳои истифоданагардида хело зиёд мебошад. Соҳибкорон ва ширкатҳои бонуфузи ФР метавонанд дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург аз қабили бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, коркард, банду баст, куҳиву металлургӣ, нассоҷӣ, азхудкунии заминҳо ва ғайра ширкат варзанд.
Дмитрий Волвач дар навбати худ аз чунин таваҷҷуҳ ва раванди ҳамкорӣ дар сатҳҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳадафи аслии сафари ҳайат маҳз ба тақвияти ҳамшарикии соҳибкорони ФР ва ҶТ нигаронида шудааст. Вилояти Суғд водии имкониятҳо ба ҳисоб рафта, ҳамасола ташкили Ярмаркаи байналмиллалии савдо ба ҷалби саромояи мустақим ва татбиқи лоиҳаҳои бузург заминаи воқеъӣ мегузорад. Ҷониби Россия ба рушди муносибатҳо ҳавасманд буда, ояндаи наздик тарҳҳои муштарак амалӣ карда хоҳад шуд.