РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти роҳбарони марказҳои зеҳниии давлатҳои аъзои СААД иштирок кард

Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия таҳти унвони «Таҳлил ва ояндабинии фаъолияти ниҳодҳо дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ» машварат баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва намояндагони марказҳои зеҳниии давлатҳои аъзои ин Созмон ба таври ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам дар шакли маҷозӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҳамоиш Тоҷикистонро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода намояндагӣ карда, доир мавзӯи рӯзномаи машварат ва назари Тоҷикистон дар ин масъала сухан гуфт.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкории фарогир бо давлатҳои аъзои СААД ҷиҳати таҳкими амнияти милливу давлатӣ ва самти авлавиятноки сиёсати хориҷии давлат аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Фаъолияти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Созмони мазкур ҳадафи эҷоди василаҳои самарабахши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро пайгирӣ мекунад. Аз ин рӯ, узвияти ҷумҳурӣ дар ин Созмон аз омилҳои муҳимми таъмини амнияти мамлакат ва ҳифзи субот дар минтақа ба шумор меравад.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон ба ҳайси яке аз давлатҳои асосгузори Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар тули таърихи фаъолияти ин Созмон барои густариш ва таъмини амнияти дастаҷамъӣ дар минтақаи масъулияти Созмони мазкур саҳми назаррас гузоштааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram