РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Корманди Радиои Тоҷикистон Зиёратшоҳ Аҳмадов соҳиби Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуд

11 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр мебошад. Имсол дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт 112-солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид.

Дар маросими Рӯзи матбуот ба рӯзноманигорон Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, унвонҳои Аълочии матбуоту фарҳанг, сипосномаву ифтихорномаҳо аз вазорату идораҳо тақдим гардид.

Аз ҷумла, ба муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои таҳлилии Радиои Тоҷикистон Зиёратшоҳ Аҳмадов Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тақдим шуд

Зиёратшоҳ Аҳмадов фаъолияти корӣ аз моҳи июни соли 2001 дар радиои «Садои Душанбе» оғоз карда, то моҳи майи 2003 дар ин шабакаи мустақими радиоӣ кор кардааст. Инчунин, дар бахши таҳияи нашрҳои хабарӣ ва муаллифи барномаи таҳлилии «Мизон» дар «Садои Душанбе» кор кардааст.   Аз соли 2003 то 2017 дар дафтари намояндагии Созмони Садо ва Симои Эрон дар Тоҷикистон ба ҳайси мутарҷим, хабарнигори бахши тоҷикии радиои бурунмарзии Садои Эрон фаъолият карда, аз моҳи ноябри соли 2018 ҷорӣ то кунун дар идораи барномаҳои таҳлилии Радиои Тоҷикистон (муҳаррир, муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррир) фаъолият дорад.

Соли 2021 бо унвони Аълочии Кумитаи телевизион ва радои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардида, ҳаммуаллифи барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и Радиои Тоҷикистон мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram