РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

“Тоҷикон”- шиносномаи миллат” дар Вазорати фарҳанг хониши дастаҷамъона оғоз шуд

14 сентябри соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони вазорат хониши дастаҷамъонаи “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров шуруъ гардид. Дар ин бора аз дафтари матуботи вазорати мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Раҳмоналӣ Шералиев ба омӯзиши ин асари безавол ҳусни оғоз бахшида, ташкил ва баргузории хониши китоби “Тоҷикон”-ро дар вазорату идораҳои мамлакат иқдоми шоиста ва саривақтӣ шуморид ва дар тарбияи насли ҷавону наврас ва мардуми Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуд.

Раҳмоналӣ Шералиев дар идомаи суҳбати хеш қайд кард, ки “Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта ба ҳар як оилаи тоҷик ройгон тақдим намудани ин шоҳасар сурат гирифт, ки иқдомест беназир. Имрӯзҳо дар вазорату идораҳои мамлакат омӯзиши дастаҷамъонаи китоби “Тоҷикон” ба роҳ монда шудааст, ки барои баланд бардоштани ҳувваияти миллӣ, донистану бохабар шудан аз таърих, огоҳӣ пайдо намудан аз қаҳрамониҳои фарзандони ин миллат мебошад. Ҳадаф аз омӯзиши ин шоҳасар танҳо таблиғу ташвиқи ин асар нест. Мо бояд аз таърихи ниёгони хеш, кадом сулолаҳоро паси сар намудаем, аз давраи санг то давлатдории тоҷикон огоҳӣ дошта бошем. Бо тохту тозҳо, ҷангҳои беамону хонумонсӯз истодагарӣ намуда, тавонистем миллати худ, фарҳанги худ, забони худро нигоҳ дорем”.

Мавсуф аз муқаддимаи китоб, ки бо суханони пурмӯҳтавои Пешвои муаззами миллат зери унвони “Шиносномаи миллат” дирдоварӣ шудаанд, шурӯъ кард ва таъкид бар он намуд, ки ҳар як фарди бедордили миллат бояд омӯзиши таърихи халқи азизашро вазифаи муқаддаси худ дониста, аз гузаштаи пуршебу фарози он сабақ гирад.

Кормандони вазорат бо мароқу шавқу завқи беандоза дар хониши ин шоҳасари безавол иштирок намуда, бори дигар аз таъриху фарҳанг, қаҳрамониҳои фарзонафарзандони миллати тоҷик огоҳӣ пайдо намуданд.

Манбаъ афзуд, ки омӯзиши дастаҷамъонаи асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ҳар ҳафта, тули як соат дар вазорат миёни кормандон ба роҳ монда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram