РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Кумаки навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои аз низоъҳои сарҳадӣ зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

Тавре ба ҳамватанонамон маълум аст, дар натиҷаи низоъҳои сарҳадии чанд рӯз пеш рухдода шумораи зиёди сокинони мавзеъҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хисороти ҷонию молӣ диданд, аз ҷумла манзилҳои истиқоматиашон хароб гардиданд.

Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо карданд, ки дар асоси он ба 300 оилаи зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумаки навбатии моддӣ ҷудо карда шуд.

Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар яке аз оилаҳои манзили зисташон пурра ё қисман зарардида масолеҳи сохтмон ва маводи ғизоӣ дастрас карда мешавад.

Кумаки Президенти мамлакат барои дастгирии сокинони деҳоти Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва деҳоти Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷудо гардидааст.

Пешвои миллат, ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки манзилҳои истиқоматии харобгардидаи сокинони деҳоти зикршуда то 1 ноябри соли ҷорӣ барқарор карда шаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram