РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

5 нафар аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуданд

23 сентябр дар ҷаласаи Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 5 нафар эҷодкор ба узвияти ин ниҳод пазируфта шуданд. Инҳо Субҳони Аъзамзод, Бахтиёр Ҳамдамов, Нусратулло Бобоев, Гулсараи Аваз ва Алии Деҳбошӣ мебошанд. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.

Аъзои нави Иттифоқи нависандагон: Субҳони Аъзамзод — дар бахши нақд ва адабиётшиносӣ. Номбурда номзади илми филология, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров ва яке аз адабиётшиносони пуркору шинохтаи кишвар аст. Муаллиф ва мураттиби беш аз 50 китоб ва 1000 мақола мебошад. Нусратулло Бобоев — дар бахши назм. Тахаллуси эҷодии Нусратулло Тилло аст. Дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад ва шабакаҳои иҷтимоӣ майдони нашри ашъори ӯ ҳастанд. Китобаш “Лолаи боми Ватан” аз ҷониби аҳли адаб хуш пазироӣ шуд. Мавзуи асосии эҷодиёташ муҳоҷират аст. Гулсараи Аваз — дар бахши назм. Номбурда солиёни зиёд дар матбуоти кӯдакон кору фаъолият дорад. Аз ҳаёти бачаҳо менависад. Шеърҳояш дар матбуоти даврӣ нашр шудаанд. Муаллифи чанд маҷмӯаи шеърӣ аст. Бахтиёр Ҳамдамов — дар бахши очерк ва публитсистика. Ин ном ба ҷомеаи эҷодии кишвар ошно аст. Бахтиёр Ҳамдамов солиёни зиёд сардабири ҳафтаномаи ҲХДТ — “Минбари халқ” мебошад. Номзади илми филология аст. Муаллифи чанд китобу маҷмӯаи мақолаҳо мебошад. Алӣ Деҳбошӣ — узви хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Алӣ Деҳбошӣ яке аз донишмандони бузурги муосири Эрон мебошад. Дар замони сардабири маҷаллаи маъруфи “Килк” буданаш дар тарғиби адабиёти тоҷик дар Эрон саҳми зиёд гузошт. Ӯ феълан сардабири маҷаллаи “Бухоро” аст. Ин маҷалла машҳуртарин маҷаллаи форсӣ буда, дар нашр ва муаррифии осори адибони тоҷик дар Эрон нақши муҳим дорад. Деҳбошӣ дар мавриди Тоҷикистон зиёд навиштааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram