РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТАВАҶҶУҲ! Дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт муваққатан қатъ мегардад

Аз 26 сентябр бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Баҳоуддинов аз буриши кӯчаи А.Навоӣ то роҳи дусатҳаи хиёбони Н.Махсум (ба масофаи 400 метр) ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт то анҷоми корҳои сохтмонӣ қатъ карда мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Баҳоуддинов истифода баранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram