РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пагоҳ дар панҷ гӯшаи Тоҷикистон ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод баргузор мегардад

Пагоҳ дар панҷ гӯшаи Тоҷикистон бо иштироки ширкатҳои пудратчии ҶСК «НБО Роғун» ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод баргузор мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат хабар доданд..

Ярмаркаҳои мазкур аз соати 9:00 дар назди мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хоруғи ВМКБ, бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Маҳмудҷонови шаҳри Бохтар, бинои Маркази ҷавонони маҳаллаи С. Сафарови шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва дар гулгашти хиёбони Рӯдакӣ 10 (дар назди маркази савдои Садбарг) шаҳри Душанбе оғоз мегарданд.

Музди маош шартномавӣ буда, аз 2700 то 4500 сомонӣ пешниҳод шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram