РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шумораи вижаи маҷаллаи «Business Central Asia» — и Деҳлӣ бо таваҷҷуҳи хос ба Тоҷикистон ба нашр расид

Ба ифтихори солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Деҳлии нав маҷаллаи «Business Central Asia» бо таваҷҷуҳи хос ба кишвари мо ба нашр расид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин шумора паёми табрикотии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубодилаи табрикномаҳои роҳбарони ду кишвар ба муносибати рӯзҳои миллӣ, матни табрикоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон ба муносибати 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ, мақолаи Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон «Ташвиқи рушди саноат дар Тоҷикистон», инчунин мақолаи Сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон «З0 соли ҳамкории мутақобилан судманд» ҷой дода шудаанд.

Ҳамзамон дар маҷалла мақолаҳои алоҳида доир ба аҳаммияти таърихии иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, робитаҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ва Ҳиндустон, инчунин нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва ғайра интишор шудаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram