РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Театри ҷавонон кушодашавии мавсими 51-уми театрро бо намоиши «Дирафши Коваёнӣ» истиқбол менамояд

28 сентябр, соати 17:30 Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳид кушодашавии мавсими 51-уми театрро бо намоиши «Дирафши Коваёнӣ» аз рӯйи асари безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» истиқбол менамояд. Дар ин бора аз тетари мазкур ба радиои «Фарҳанг» хабар доданд.

Намоиши «Дирафши Коваёнӣ» дар таҳияи коргардони шинохта Нозим Мелик ба саҳна гузошта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки намоиши «Дирафши Коваёнӣ»-и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов дар Фестивали байналмилалии театрҳо миёни чор давлати Осиёи Марказӣ, ки аз 15 то 19 октябр дар Қазоқистон баргузор гардид, Шоҳҷоизаи асосӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин, Намоиши мазкур дар Тоҷикистон ҳам дар доираи касбӣ ва ҳам байни ҳаводонирони санъати театрӣ маҳбубият пайдо кардааст. Соли 2017 «Дирафши коваёнӣ сазовори Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» гардида буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram