РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор шуд

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ бахшида ба бузургдошти мутафаккир, олим, симои барҷастаи адабиёту фарҳанги тоҷику форс ва тамаддуни башарият Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Чорабинӣ бо намоиш фурӯши китобҳои тозанашри нашрияҳои вазорат оғоз гардида, китобҳои “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Ахтарони адаб”, “Ҳафт ахтар” ва дигар китобҳои ба тозагӣ нашр гардидаи адибони классику муосир оғоз гардид.

Аз намоиш-фурӯши китоб доираи васеи хонандагон, аҳли фарҳангу адаби кишвар, устодону шогирдони муассисаҳои таълимӣ, сокинону меҳмонони пойтахт дидан намуданд.

Ҳамзамон дар идомаи намоиши китоб рӯнамоии китоби тозаэҷоди муҳаққиқ, шоири ширинкалом Беҳрӯзи Забеҳулло зери унвони “Офтобе дар миёни сояе” баргузор гардид.

Муҳаққиқ дар китоби “Офтобе дар миёни сояе” кӯшидааст, ки базе аз мавзӯъҳои муҳими “Маснавӣ”-ро аз дидгоҳи хеш ба таври мухтасар шарҳ дода, дарки мафҳумҳои печидаи онро барои хонанда осон намояд.

Коршиносони соҳа нашри чунин як китобро дар “Рӯзи Мавлоно” ҳамчун пайку тӯҳфаи беназир арзёбӣ намуда, ба қалами шоир илҳоми баланди эҷодӣ таманно намуданд.

Сипас дар фазои тантанавӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба “Рӯзи Мавлоно” бо иштироки ҳунармандони бомаҳорати кишвар доир гардид.

Дар оғози барнома Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф ба сухан баромада, ҳузури мубораки аҳли фарҳангу адаб, устодону шогирдони муасиссаҳои таълимии мамлакатро ба маҳфили шеъру суруд хайрамақдам гуфт ва чашн гирифтани “Рӯзи Мавлоно”-ро яке аз ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат арзёбӣ намуд.

Мавсуф дар идомаи сухани хеш зикр кард, ки “Имрӯзҳо мо маҳз бо ҳидоят ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем бузургону абармардони адабу ҳунари хешро шиносем ва арҷгузорӣ менамоем. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо эҷоди асарҳои беназири худ, аз ҷумла “Маснавии маънавӣ” тавонист, моро ба ҷаҳониён ошно намояд. Ин ифтихори мо тоҷикон аст, ки чунин шахсиятҳои барҷастаи илму адаб дорем.”

Зикр гардид, ки тибқи дархости хонандагони сершумор “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балҳӣ бори дигар дар Муассисаи давлатии нашриявии “Адиб” рӯи чоп омад ва ба дасти хонанда расид.

Сипас дар иҷрои ҳунармандони бомаҳорати Ансамбли давлатии хизматнишондодаи “Лола”, Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Ортиқи Қодир, Фирӯзи Умар, Қурбони Собир, ҳунармандони маъруфу шинохта Муродбеки Насриддин, Афзалшоҳи Шодӣ, Умари Темур, Фурқати Саид, Тоҷиддин Раҳимзода, Соҳиба Давлатшоева, Ҳотами Равшан ва дигарон ғазалҳои Мавлоно бо маҳорати баланди ҳунарӣ, бо хониши зебою шуниданӣ манзури тамошобинон гардид.

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи Мавлоно” бо шукӯҳу шаҳомати идона, дар фазои софу беғубори Ватани азиз, бо рӯҳу илҳоми тоза манзури тамошобинон, аҳли фарҳангу адаби мамлакат гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram