РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон: даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид

Дар Муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардида, 46 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Дар маросими супоридани ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зикр кард, ки озмуни мазкур ҳамасола бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар қаламрави кишвар бо ташаббус ва таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Дар озмуни имсола довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабҳои шакли нав, устодону муаллимон, аспирантҳову докторантҳо донишу маҳорати баланд нишон доданд, ки қобили қадрдонӣ мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram