РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДМТ: ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид

Бо чунин унвон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ – 5-уми октябр имрӯз дар факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сухани муқаддимавии хеш афзуд, ки таърихи давлатдории тоҷикон абармардони зиёдеро ба хотир дорад, ки ҳатто дар лаҳзаҳои ҳассос ва барои миллат хеле мушкил тавонистанд бо ақлу заковати фитрӣ на танҳо миллату давлатро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшанд, балки пояҳои мавҷудияти онро ба василаи таваҷҷуҳ нисбат ба арзишҳои миллӣ мустаҳкам намоянд. Дар ин миён нақш ва ҷойгоҳи фарзанди фарзонаи миллат ва сиёсатмадори варзида – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, хосатан, бояд қайд намоем. Ба андешаи инҷониб, имрӯз касе хизматҳои бесобиқа ва таърихии Сарвари тоҷикони ҷаҳонро дар самти бартарӣ додан ба рукнҳои муҳимми ҳастии давлату миллат ва пайваста андешидани чораҳои беҳдоштӣ дар ин ҷабҳаҳо инкор намекунад.

Бояд гуфт, ки яке аз рукнҳои маънавию фарҳангӣ забон аст, ки дар ҳама шабу рӯз беш аз ҳарвақта ба ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзун ниёз дорад. Забони тоҷикӣ имрӯз ба ҳайси як забони комил, меъёрӣ ва дорои махсусиятҳои худ забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Болотар аз ин, он забонест, ки дар миқёси ҷаҳонӣ аз миллату давлат, фарҳангу маънавиёт ва таъриху тамаддуни халқи тоҷик намояндагӣ мекунад.

Дар идомаи конференсия президенти Академияи таҳсилоти ҶТ, профессор Саломиён М. дар мавзӯи “Сайри таърихии забони адабии тоҷикӣ”, профессори кафедраи таърихи забон ва типология Ҳомидов Д. оид ба мавзӯи “Вожаҳои сайёҳи забони тоҷикӣ” ва муаллими калони кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ Раҳмонов Ҳ. дар робита ба китоби тозанашри устодони факултет “Эмомалӣ Раҳмон ва арзишҳои миллию умумибашарӣ” суханронӣ намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки бо ташаббуси садорати факултети филология бахшида ба истиқболи 70-умин солгарди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Рӯзи забони давлатӣ китобе бо унвони “Эмомалӣ Раҳмон ва арзишҳои миллию умумибашарӣ” нашр гардид, ки дар он нақши Пешвои миллат дар рушду такомули илму маориф ва фарҳанги Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултет дар робита ба ҳифзи забони тоҷикӣ порчаҳои шеърӣ қироат шуданд. арзишҳои миллию умумибашарӣ” нашр гардид, ки дар он нақши Пешвои миллат дар рушду такомули илму маориф ва фарҳанги Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултет дар робита ба ҳифзи забони тоҷикӣ порчаҳои шеърӣ қироат шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram