РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба ифтихори Рӯзи Фалак: Фалак ва эҳёи он дар замони истиқлол

Решаҳои  мусиқии касбии суннатии мардуми тоҷик, бахусус, Фалак ба умқи қарнҳо мерасад ва мероси гаронбаҳоест, ки аз ниё­гони шарафмандамон  ба ёдгор мондааст. Аз рўйи сарчашмаҳои таърихӣ ва афкори мусиқишиносон мусиқии мардуми тоҷикро ба мусиқии халқӣ (фолклорӣ), мусиқии касбӣ — мардумӣ, мусиқии касбӣ — классикӣ ва мусиқии муосири тоҷик (касбӣ — композиторӣ, мардумӣ, эҷодиё­ти ҳунармандони замони муосир, эстрадӣ ва ғайра) ҷудо кардан мумкин аст. Фалак дар ин миён мавқеи муҳим дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мусиқии Фалак чунин баҳо додаанд: “Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳак мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рўҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем”.

Мувофиқи таҳқиқоти бархе аз мусиқишиносон пайдоиши Фалак ба асрҳои IX-X ва пештар аз он рост меояд. Он дар тўли асрҳо шакл гирифта, дар он таъриху фарҳанг ва ормонҳои миллии тоҷикон таҷассум ёфтааст. Фахриддини Марвӣ донишманди охири асри Х ва ибтидои асри XI дар асари худ бо номи «Сабки фаҳлавиёти хуросонӣ” овардааст: “Суруди фалакии Ятими Хатлонӣ пайки пиру барнои Хуросон гашт ва онро ҳар кас ба таври хеш бихонд. Ин суруди кўҳистонии Машриқ то бад-ин аҳд бо номҳои “Фироқномаи Юсуф”, “Ҳаҷри Яъқуби Канъон”, “Нолаи малакут”, “Нидои хокиён”, “Фарёди ҷудоиҳо” ва “Розҳои ногуфта” дар забони мардум бимонд».

Мусиқии Фалак бо жанрҳои шеърӣ алоқаи ногусастанӣ дошта, тамоми шаклҳои жанри шеърӣ дар он таҷассум ёфтаанд ва иҷро мешаванд. Масалан, рубоӣ, дубайтӣ, мухаммас, ғазал, маснавӣ, қасида, мадҳия ва ғайра. Фалак  бо адабиё­ти шифоҳӣ робитаи зич дорад. Ин пайвастагӣ бештар ба равияҳои асили мусиқии Фалак, яъне ба қаторовозхонии ғайримуқаррарӣ алоқаманд аст, чунки дар замонҳои қадим созҳои мусиқии миллӣ на пардабандӣ доштанду на адворбардорӣ. Эҷодкор бо ин намуди созҳои мусиқӣ ғаму андуҳ ё шодию хурсандиро бо матн комилан дар пардаҳои садодиҳӣ иҷро менамуд. Ин далели васеъ будани вижагиҳои озоди мусиқии Фалак мебошад. Фалакро аз рўйи анъана, бо ҳамовозии созҳои мусиқии дутор (думбра), ғиҷак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ бо ҳамовозии дафу таблак месароянд.

Мусиқии Фалак намуд ва усулҳои иҷрокунандагии махсуси худро дорад. Асосан ду намуди фалак — фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ шинохта шудааст. Фалаки даштӣ дар дашту саҳро ҳангоми корҳои деҳқонӣ бидуни  сози мусиқӣ иҷро мешавад. Дар ин навъи фалак эҳсоси кас ба воситаи нолаву фарёд, ки баёнгари дарду ранҷ аст, ифода мешавад.

Барои рушди ин жанри шеърию мусиқӣ саҳм ва мавқеи иҷрокунандагони касбиву ғайрикасбӣ хело бузург буда, ба воситаи онҳо Фалак ташаккул ёфта истодааст. Самари заҳмату кўшиши давлату Ҳукумати Тоҷикистон, донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ буд, ки мусиқии Фалак инкишоф ёфта, дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Дар рафти эҷод ва иҷрои Фалак ва ташаккулу идомаи анъанаҳои он сабки иҷроии ҳавзаҳои гуногун, равияи ҳунарӣ нақши махсус дошта, бахусус, тавассути кўшишу маҳорати ҳунармандони мардумӣ рангорангии мавзўоти ин жанри мусиқии шифоҳӣ то замони мо расидааст. 

Мусиқии Фалак ба ғайр аз Тоҷикистон, ҳамчунин дар Афғонистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустон маъмул аст. Барои иҷрои шеърию мусиқии Фалак ва сабки иҷрои махсуси он ҳавзаҳои ҳунарии Бадахшону Дарвоз, Дашти Ҷум, Рашт нисбат ба ҳавзаҳои Хатлон: Кўлобу Муъминобод, Кангурту Балҷувон ва ғайра фарқ доранд. Дар Бадахшону Дарвоз, Дашти Ҷум анъанаи фалаксароӣ дар баробари истифодаи созҳои  торӣ (сетор, баланд­зиком, рубоб, панҷтор ва ғайра), ҳамчунин, баён, ифодаи матну иҷро хеле нафису рангомез аст, ки инро дар сабки иҷрои Акашарифи Ҷўра, Пири Садир, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулӣ, Мусаввари Минак, Наврўзшоҳи Қурбонҳусейн, Моҷони Назардод, Нусайрии Одина, Дона Баҳром, Аслияи Искандар, Панҷшанбеи Ҷорўб, Чанори Нобовар ва навозишҳои Мамадатои Тавалло, Иқболи Завқибек ва дигарон метавон мушоҳида намуд. Махсусан, аз намояндагони ин ҳавза дар силсилабандиву иҷрои Фалаки роғӣ Абдулло Назрӣ муваффақ буд. Тарзи иҷрои ин устоди мусқии мардумӣ саршор аз ифодаҳои созию тараннумӣ буда, мутобиқ ба мизонҳои ҳунари ҳирфаӣ қарор дошт. Сабки иҷроии силсилазанҷирии Абдулло Назрӣ сабки талқину иҷроии Акашариф Ҷўраро тақвият бахшидааст ва имрўз ҳам фалаксаорёни ҷавони Бадахшону Дарвоз, Дашти Ҷум ин  суннатро идома дода истодаанд.

Доираҳои эҷодию фалаксароии минтақаҳои Кўлобу Муъминобод, Кангурт, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Сарихосор ва ғайра (бахусусс, фалаки даштӣ) маҳбубияти хосса касб намудаанд.  Намояндагони аввалини ин доира Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Бароти Фалак, Холмаҳмади Фалак, Ҳошим Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқ, Файзалӣ Ҳасан, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад   Мурод ва инчунин навозандагони машҳур Рустами   Абдураҳим, Достии Орзу, Ҳаким Маҳмуд, Пирназари Дуторӣ, Ҷумъа­хон Раҷаби Рубобӣ, Саидалии Дуторӣ ва дигарон мебошанд, ки дар ташаккул ва зинда мондани анъанаҳои фалаксароӣ дар минтақаҳои мазкур хизмат шоён намудаанд.  

Эҳё ва ба таври куллӣ дастраси мардум намудани мероси ғании фарҳанги тоҷикон яке аз вазифаҳои муҳимми давлат ва ҷомеа ба шумор меравад. Тайи солҳои соҳибис­тиқлолӣ барои ба ин мақсадҳои нек ноил гардидан аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳтади миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои зиёде ба имзо расиданд ва дар натиҷа рушди мусиқии классикии халқи тоҷик дар як муддати кўтоҳи таърихӣ мазмун ва мундариҷаи тозаро касб намуд.

 Соли 2003 Ансамбли давлатии «Фалак» дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ансамбли номбурда тараннумгари мусиқии фолклории халқи тоҷик буда, барои тарғибу ташвиқи фалаксароӣ дар дохил ва хориҷи кишвар пайваста кўшиш менамояд.

Хушбахтона имрўзҳо ба фаъолияти пурсамари  ин ансамбл беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир гардида, он аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пайваста дастгирӣ меёбад. Аз ҷумла, бо дастури раиси Кумита Нуриддин Саид Ансамбли давлатии “Фалак” ва дигар дастаҳои ҳунарии Кумита бо асбобҳои мусиқӣ пурра таъмин карда шуданд. Ҳамчунин мушкилии норасоии либосҳои саҳнавӣ низ ҳалли худро ёфт. Дигар шароиту имкониятҳои корию эҷодии ҳунармандон низ беҳтар карда шуд. Ин омил боиси он гардид, ки соли ҷорӣ маҳсули эҷодии ҳунармандони Ансамбли давлатии “Фалак” ва дигар дастаҳои ҳунарии Кумита хеле назаррас аст.

Роҳбарии ансамбли «Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро фалаксарои шинохта Носир Сафаров ба уҳда дошта, ҳамчунин овозхонҳои маъруф Ибодат Раҷабова, Шуҳрат Сайнаков, Рўзибой Идиев, Сафовуддин Раҷабов, Матлуба Раҳимова, Раҷабалӣ Увалов ва як гурўҳ ҷавонони умедбахш Лоиқшо Холов, Баҳриддин Беков, Шоҳин Абдуллоев, Ҳаким Дамдоров, Ҳикматулло Анваров, Худойдод Мадалиев, Фарзона Шодиева, Туҳфа Қосимова, Муслима Набиева ва Сураҷ Муаллибшоев дар он фаъолият доранд. Роҳбари мусиқии ансамбл Суҳроб Олимов буда, мутрибони мумтоз Иззатулло Абдуллоев, Ҷумъахон Раҷабов, Қуд­ратулло Муродов, Далер Ғафуров, Икром Низомов, Баҳром Тоиров ва Алим Давлатшоев ҳамроҳи ў заҳмат мекашанд.

Мусиқии Фалак маҳз дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоистаи худро дарёфт. Барои ҳифзи ин падидаи маънавии меросӣ бо фармони Президенти Тоҷикистон аз соли 2007 10 октябр ҳамчун  Рўзи  Фалак таҷлил мегардад. Имрўз мусиқии Фалакро дар мактабу коллеҷ ва консерваторияю донишкадаҳо ҳамчун яке аз падидаҳои муҳимми фарҳанги тоҷикон меомўзонанд. Роҷеъ ба мусиқии Фалак тадқиқоти бисёре анҷом дода шудаанд ва айни ҳол омўзиши Фалак дар сатҳи байналмилалӣ амалӣ гардида истодааст. Солҳои 2004 (шаҳри Душанбе), 2006 (шаҳри Кўлоб), 2009 (шаҳри Душанбе), 2012 (шаҳри Душанбе) фестивал-симпозиумҳои байналмилалии Фалак бо ҷалби ҳунармандону муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ баргузор гардид.

Фалак маҳсули эҷоди ҳунармандони мардумӣ буда, иҷрои он дар аксари вақт бадоҳатан сурат мегирад. Яъне, нақши иҷрокунанда дар ҷараёни бадоҳатан баён намудани ин ё он эҳсосот  дар фалакхонӣ хеле бузург аст ва ҳамин омил аз вижагиҳои ин жанр ба шумор меравад.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳар сол ин ҷашн – Рўзи Фалак бо тантана ва шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, аз ҳар гўшаю канори кишвар ва ҳатто берун аз он ҳунармандон гирд омада, ҳунари волои хешро пешкаши мардум менамоянд.

Абдурозиқ МАРДОНӢ,

рӯзноманигор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram