РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Самарқанд ба хотири бузургдошти Саидризо Ализода ҳамоиш баргузор шуд

10 октябри таҳти унвони «Саидризо Ализода — муҳаррир, тарҷимон ва олими маърифатпарвар» анҷумани илмӣ-амалии байналмилалӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба муносибати 135‑солагии адиб ва рӯзноманигор, публисист ва адабиётшинос, мутарҷим Саидризо Ализода баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи рӯзномаи «Овози Самарқанд» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, нахуст намояндагони ҳокимияти вилояти Самарқанд, олимони адабиётшинос, журналистон, шоир ва нависандагон дар оромгоҳи Панҷоби шаҳри Самарқанд қабри Саидризо Ализодаро зиёрат карданд. Ояте аз Қуръони Карим тиловат карда шуд.
Дар Хона-музейи олими маърифатпарвар набераи олими равшанфикр Фарҳод Ализода оид ба таърихи таъсиси осорхона, ҳаёт ва эҷоди бобои худ маълумот дод.
Сипас, дар толори маҷлисҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд конфронси байналмилалӣ кори худро оғоз бахшид.
Ректори ДДС, профессор Рустам Холмуродов, ҷонишини ҳокими вилоят Хуршед Очилов, раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, сенатор Фармон Тошев, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муроди Мурод Бердӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бухоро Шоира Аҳмадова, набераи олим Фарҳод Ализода ба сухан баромада, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти устоди варзидаи журналистика, хизматҳои шоистаи олим дар роҳи тарғиби маънавияту фарҳанг ҳарф заданд.
— Саидризо Ализода ҳамчун рӯзноманигор яке аз нафарони ташаббускор аст, — иброз дошт Муроди Мурод Бердӣ. — Ташкил кардани нашрияи «Шӯълаи инқилоб» самари меҳнати ин марди ҷонфидо мебошад. Албатта, адабиёт дар ибтидои асри ХХ ба як василаи инъикосу баррасии сиёсати замон гардид. Дар ин даври пурмашаққат Ализода барои насли наврас мероси адабии худро гузоштан тавонист. Барои мардуми кишвари худ чароғи илму маърифатро фурӯзон кард ва имрӯз он хизматҳояш қадрдонӣ мегарданд.
Ба гуфтаи Шоира Аҳмедова, Саидризо Ализода солҳои 30‑юм асосан ба тадқиқу тарғиби масъалаҳои мухталифи забон ва тарҷумаҳои асарҳои бадеӣ машғул буд. Ӯ ҳамчун забоншинос аз соли 1933 то соли 1937 дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз забони арабӣ, форсӣ ва тоҷикӣ дарс додааст. Саҳми С. Ализода дар инкишофи лексикография низ калон буд. Нависанда Абдусалом Деҳотӣ дар ин бобат дар хотироташ чунин навиштааст: «Нағз дар хотир дорам, ки яке аз аз мураттибони он луғат Саидризо Ализода… кӯча ба кӯча, дар ба дар гашта, ба аҳли ҳар касб: деҳқонон, боғдорон, оҳангарон, қассобон ва ғайра муроҷиат карда, истилоҳот ва таъбирҳои халқиро ҷамъ мекард».
Дар поёни тадбир набераи заҳматкаши олими маърифатпарвар Фарҳод Ализода ба иштирокчиёни анҷуман арзи сипос намуд ва пешниҳод кард, ки дар оянда роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Саидризо Ализода филми мустанад ба навор гирифта шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram