РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон ба анҷом расид

Аз 3 то 8 октябри соли 2022 дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бомуваффақият баргузор гардиданд.

Дар чаҳорчӯби баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо ноиби Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури занон ва оила Унсия Хазъалӣ, Вазири фарҳанг ва иршоди исломии ҶИЭ Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ ва раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии ҶИЭ Маҳдии Имонипур баргузор гардиданд, ки зимни онҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Барномаи рангин иборат аз шеър ва суруду оҳангҳои ҳунармандони санъати тоҷик аз ҷониби аҳли ҷамъияти Эрон самимимона истиқбол гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram