РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Панҷакент: Озмуни «Тирамоҳи заррин» — намоди ҷашни Меҳрон баргузор шуд

12 октябри соли 2022 дар саҳни бинои Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Панҷакент бо мақсади омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон, бахшида ба иди «Меҳргон» озмуни шаҳрии «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври аввал(муассисавӣ) аз беш аз 50 муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, аз рӯи 4 бахш: «Ташкили намоишгоҳ аз маводи табиӣ», «Фаъолияти Нозирони сабз», «Ҳимояи рисолаву реферат» ва «Расми беҳтарин» ғолибон муайян карда шуда, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.

Баргузории даври вилоятии озмун санаи 20 октябр дар МДТ «Мактаб барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram