Аз 14 октябр ташрифи иштирокчиёни чорабинии байналмилалии Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлкат хабар доданд.
Субҳи имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сабти номи иштирокдорони номинаҳои Бозиҳо баргузор гардида, то ин лаҳза ҳайатҳои Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Беларус ба қайд гирифта шуданд.
Ташриф ва сабти номи иштирокчиён аз дигар кишварҳои аъзои ИДМ ба ҷумҳурӣ идома дорад.