РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ»-ро беш аз 70 ҳазор нафар тамошо кардаанд

13 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ оид ба натиҷагирӣ аз намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш зикр шуд, ки намоиши “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ”-ро дар Осорхонаи миллӣ 64 ҳазор нафар ва шакли сайёри онро дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Панҷакент ва Хуҷанд 6 ҳазор нафар дидан намуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иниститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаи «Ҷумҳурият», донишҷуёни факултетҳои фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, донишҷуёни факултети фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва донишҷуёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар сухани ифтитоҳии хеш зикр намуд, ки намоиши “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” — яке аз намоишҳои бузургтарини ёдгориҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар буда, дар самти муаррифии таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати тоҷикон ҳамчун бузургтарин ва нодиртарин намоиш шинохта шудааст. Саҳми намоиши мазкур дар инъикоси таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон дар арсаи байналмилалӣ басо муҳим ва назаррас мебошад.

Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуда, мавзӯъҳои зерин мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор гирифтанд:

– Аз таърихи ташкили намоиши “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ”;

– Таркиби ташобинони намоиши “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ”.

– Инъикоси намоиши “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар шабакаҳои иҷтимоии Осорхонаи миллӣ.

Дар охир миёни иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ оид ба натиҷагирӣ аз намоиши «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram