РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзноманигорони ӯзбек аз «Тоҷикфилм» боздид намуданд

Дар арафаи Рӯзи кино ҳайати эҷодии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Раиси иттифоқи журналистони ин кишвар Усаров Олимҷон аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» боздид баамал оварданд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Меҳмононро роҳбарияти муассиса дар кинотолори тозатарҳрезишудаи ба ном Ҷомӣ ва Навоӣ пешвоз гирифтанд. Ба онҳо аз таърих ва рафти банаворгирии филмҳои сохташудаи таърихӣ дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлолии кишвар дар ин кинотолор, ошно сохтанд. Диққати меҳмононро таҷдиду навгониҳои воридшуда ва тарзи меъмории нави кинотолор ҷалб сохт. Инчунин, ҳайати рӯзноманигорон аз китобхона ва толори нав барои касбомӯзии синамонигорони ҷавон дидан карданд.

Меҳмонон ба аксҳои синамосозону собиқаронони соҳа, ки деворҳои муассисаро оро медоданд, таваҷҷуҳ карданд. Аз ҳаёт ва фаъолияти онҳо шинос шуда, ба зиндагиву рӯзгор ва эҷодиёти ҳар кадом саромадони синамои тоҷик мароқ зоҳир намуданд.

Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров аҳли рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ бо кормандони муассиса мулоқот анҷом доданд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба ҳамкориҳои бесобиқаи кинематографистони Тоҷикистону Ӯзбекистон маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои ҳамкориҳои дӯстона дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла фарҳангу санъат рӯз ба рӯз густариш меёбанд.

Ҳамзамон, доир ба ҷараёни омодагӣ ба таҳияи филми муштараки таърихии «Дурахши ахтарон», ки ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар мисоли Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шудааст, доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори китобхонаи ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммад Сӯфизода маълумоти муфассал дод.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram