РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар муассисаи таълимии томактабии №134 ва мактаби №42 ноҳияи Фирдавсӣ камбудиҳоро ошкор намуд

Зимни боздиди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва муовинонаш аз вазъи фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар  ноҳияи Фирдавсӣ якчанд камбудиҳои ҷойдошта ошкор гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.

Дар ҷараёни боздид аз муассисаи таълимии томактабии №134-и ноҳияи Фирдавсӣ маълум гардид, ки дар муассиса камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Аз ҷумла, риоя нагардидани реҷаи корӣ дар муассиса, тибқи меъёр ва дар вақти муқарраршуда надодани хӯрок ба кӯдакон, омода набудани муассиса ба фасли зимистон, бавижа захира накардани маводи хӯрокворӣ барои фасли тирамоҳу зимистон, дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштани муассиса, набудани майдончаҳои ба талабот ҷавобгӯ барои машғулияти кӯдакон, дуруст истифода нашудани заминҳои назди муассиса, доир нашудани шанбегиҳо аз ҷумлаи камбудиҳое буданд, ки зимни боздиди роҳбарияти вазорат ба мушоҳида расиданд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 маълум гардид, ки корҳои тарбиявӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, дар саҳни муассиса ва роҳравҳои он хонандагон бо якдигар бо алфози қабеҳ суҳбат мекарданд. Ба талабот ҷавобгӯ набудани майдончаҳои варзишӣ, баргузор нашудани шанбегиҳо, дар саҳни муассиса нигаҳдорӣ шудани қуттиҳои партов ва дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштани муассиса аз ҷумлаи камбудиҳое буданд, ки ба мушоҳида расиданд.


Ба роҳбарони муассисаҳои таълимии мазкур ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта давоми як ҳафта тадбирҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram