Дирӯз 300 нафар иштирокчиёни Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар ин бора аз Осорхаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифта, ба онҳо аз ҷониби роҳбаладон сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Ба меҳмонон таърихи куҳани халқи тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои машҳури кишвар, табиат, санъати тасвирӣ ва амалӣ инчунин дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуданд.
Пас аз анҷоми сайрҳои осорхонавӣ меҳмонон аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, миннатдории самимии хешро баён доштанд.