РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳунарпешаи Озарбойҷон дар Душанбе дарси маҳорат гузаронд

Рӯзи 18 октябри соли равон дар доираи баргузории Бозиҳои байналмилалии Делфии кишварҳои аъзои ИДМ, дар толори Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидї” барои шогирдони шуъбаи созњои нафасии таълимгоҳ дарси мањорат бо иштироки Гараюсифли Азиз Яшарович-Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, директори Мактаби санъати ба номи К. Караеваи Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Гараюсифли Азиз зимни баргузории машғулиятҳо ба шогирдони муассиса аз нозукиҳои навозиши сози мусиқии кларнет, усули нафасгирии дуруст дар ҷараёни навозиш, тартиби ҷобаҷогузорӣ ва пайи ҳам гузоштани ангуштҳо дар сози кларнет, кор бо садова равиши он суҳбатҳои ҷолибу шуниданӣ доир намуд.

Шогирдони муассиса бо шавқу завқи беандоза дар дарс иштирок карда, дар омӯзиши ин сози мусиқӣ бардоштҳои зиёдеро аз худ карданд.

Дар фарҷоми дарси маҳорат таълимгирандагони мактаб низ таҳти роҳбари омӯзгори сози кларнет Далер Раҷабов асарҳои омўхтаи худро бо маҳорати баланди эҷодӣ иҷро карданд. Гараюсифли Азиз дар омӯзиши сози мусиқии кларнет ба шогирдони муассиса комёбиҳо таманно намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram