РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТАВАҶҶУҲ! Дар соли хониши 2022-2023 дар донишгоҳи пешрафтаи Россия ройгон таҳсил кунед

Довталабони Тоҷикистон имкони беназире доранд, ки дар соли хониши оянда дар яке донишгоҳҳои пешрафтаи Россия ройгон таҳсил кунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербург ба номи Пётри Кабир иттилои муфассал доданд.

Ин донишгоҳ миёни донишҷӯёни хориҷӣ машҳур мебошад: имрӯз дар он зиёда аз 8 ҳазор нафар хориҷиён аз 107 мамлакати дунё таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни Донишгоҳи политехникӣ муҳандисони оянда, бинокорон, мутахассисони IT, энергетикҳо, иқтисоддонҳо, забоншиносон ва намояндагони дигар касбҳои мавриди ниёз мебошанд. Таҳсил дар Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербург дар тамоми ҷаҳон қадр карда мешавад: хатмкунандагони донишгоҳ олимони барҷастаи машҳури ҷаҳон, муҳандисони боистеъдод, кормандони ширкатҳои бузург ва ҳатто раҳбарони кишварҳо мебошанд.

Дар олимпиадаи байналмилалӣ ғолиб шавед ва дар магистратура ё аспирантура ройгон таҳсил кунед

Якчанд роҳҳо барои дохил шудан ба Донишгоҳи политехникӣ бо стипендия вуҷуд доранд. Якум — иштирок дар олимпиадаи байналхалқии донишҷӯён Open Doors: Russian Scholarship Project. Ғолибони озмуни зеҳнӣ имкон пайдо мекунанд, ки ба магистратура ё аспирантураи Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербург ба номи Пётри Кабир бе имтиҳони дохилшавӣ шомил шаванд ва комилан ройгон (аз ҳисоби буҷети Федератсияи Россия) бо забони русӣ ё англисӣ таҳсил кунанд.

Барои иштирок дар олимпиада ягон чизи мураккаб зарур нест: танҳо бояд сабти ном кунед ва аз санҷиши онлайн муваффақона гузаред. Номзадҳо барои дохилшавӣ ба магистратура бояд дар соли охирини бакалаврӣ таҳсил ё дараҷаи бакалавр ё мутахассис дошта бошанд. Шартҳои монанд барои дохил шудан ба аспирантура: ҳангоми иштирок бояд ё донишҷӯи соли охири барномаи магистрӣ бошед ё дараҷаи магистр дошта бошед.

Агар шумо хоҳед, ки дар соли хониши 2023 таҳсилро ройгон оғоз намоед, шумо бояд ҳуҷҷатҳоятонро аз ҳозир пешниҳод кунед. Сабти ном барои ширкат дар олимпиадаи имсола 15 сентябр оғоз шуда, то 23 декабри соли 2022 идома хоҳад кард.

Дохилшавӣ тариқи ройгон бо роҳхати Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия (бо квота)

Имконияти дигари дохилшавии довталабони хориҷӣ ба Донишгоҳи политехникӣ тариқи буҷавӣ ба бакалавриат, магистратура ва аспирантура – ин пешниҳоди ариза барои таҳсил бо квота бо роҳхати Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия мебошад. Маълумоти бештарро дар ин бора дар сомонаи расмии Донишгоҳи политехникӣ пайдо кардан мумкин аст.

Имконияти беназир барои дуҷанд кардани мавқеи худ

Довталабони хориҷӣ метавонанд ҳам барои иштирок дар Олимпиадаи Open Doors ва ҳам барои қабул тариқи квотаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия муроҷиат намоянд. Ҳамин тариқ, имконияти онҳо барои таҳсили ройгон хеле меафзояд. Барои он довталабони хориҷӣ, ки аз интихоби санҷишӣ нагузаштаанд, донишгоҳ дарҳои худро барои таҳсили пулакӣ боз мекунад: қабули аризаҳо то 1 августи ҳар сол идома меёбад.

Донишгоҳи политехникӣ: шаҳраки беназир

Шаҳраки Донишгоҳи политехникӣ 120 гектарро ишғол мекунад. Он бо шакл ва намуди Оксфорд ва Кембриҷ сохта шудааст. Ин шаҳракест, ки бахшҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, калонтарин китобхонаи техникии шаҳр, гӯша барои кори озод (коворкинг), каҳвахонаю ошхонаҳо, инчунин 18 хобгоҳ дорад. Хобгоҳҳо ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар масофаи наздик ба шаҳрак 4 истгоҳи метро мавҷуданд – то маркази шаҳр дар 20 дақиқа расидан мумкин аст. Ҳудуди шаҳраки донишгоҳ ба таври эътимодбахш ҳифз карда мешавад, вуруд ба биноҳо тариқи гузарномаҳои электронӣ сурат мегирад, ки ба фароҳам овардани шароити бехатар ва бароҳат барои таҳсил ва зиндагӣ мусоидат мекунад.Барои ҳарчи зудтар мутобиқ шудани донишҷӯёни хориҷӣ дар дохили донишгоҳ шаҳраки байналмилалӣ таъсис дода шудааст. Он хизматрасониҳои байналмилалӣ, кумитаи интихоб ва шуъбаҳои таълимии пеш аз донишгоҳро барои довталабони хориҷӣ мутамарказ мекунад. Дар ин ҷо фазои дӯстонаи бисёрфарҳангӣ ва ҳаёти пурҷӯши донишҷӯӣ ҳукмфармост. Ҷамъиятҳои байналмилалии донишҷӯӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ ва россиягӣ чорабиниҳои гуногун мегузаронанд.

Донишгоҳи политехникӣ: далелҳои ҷолиб

Донишгоҳи политехникӣ соли 1899 таъсис ёфтааст. Дар ин муддат зиёда аз 250 ҳазор нафар онро хатм намудаанд;

Дар Донишгоҳи политехники 32 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Бештар аз 8 ҳазор нафари онҳо хориҷиён аз 107 кишвари ҷаҳон мебошанд;

Донишгоҳи политехникӣ 50+ барномаҳои бакалаврӣ, 200+ барномаи магистрӣ ва 90 барномаи аспирантура пешниҳод мекунад;

Дар Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербург ба номи Пётри Кабир дуюмин суперкомпютери дар Россия пуриқтидортарин мавҷуд аст;

Дар Донишгоҳи политехникӣ аввалин дар Россия мошини электрикӣ сохта шудааст, ки дар асоси технологияи рақамии дугона — КАМА-1 таҳия шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram