РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо Станислав Зас мулоқот намуд

18 октябри соли 2022 дар рафти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас баргузор гардид.  Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофи ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнити СААД-ро баррасӣ карда, дар бораи чолишҳо ва таҳдидҳо ба минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram